Аз Самарканди чу канд

Худуди 7 ё 8 сол ва шояд бештар буд, ки устоди худро гум карда будам. Хазрат Сабохи. Хатман ин номро борхо шунидаед.
Ман ва чанд тан аз чавонони каламбадасти самаканди бо ин ном ба худ савод ва умед ба оянда касб мекардем.

Ин мачмуъа ба дастам расид ва дубора он чехраи ошно ва он симои азизро пайдо кардам.

Холо устод дар Иронанд. Касе агар суроге ва нишоние аз эшон дорад, хохишмандам ки ба ман бинависад. Исми хонумашон Махбуба Неъматзода аст, ки хамчунин шоираи шинохтаанд, шояд барои итминони хотири ошнохо изофа кунад.

Холо пур аз васвосаи баргашт ба Самаркандам ин рузхо. Аввал ин ки омадани хохарам Гулноза ба наздам ва дуввум ин ки  ман дар ин чанд рузи офтобии Ландан пур аз хохиши гармои самарканди шудаам.

Карор буд бо Иброхими Худоёр, тахиягар ва чамъовари ин мачмуъаи шуарои самарканди, дурусттараш Узбакистони мусохибае анчом дихам. Магар ин дусту ошно ва устодонро осон ки дар он гушаи чахони форсигуён пайдо кард?  Ба хар хол, бо арзи сипос ва кадрдони аз захматхояшон барои нашри ин китоб ба Иброхими Худоёр мурочаъа мекунам ва ба ёди он рузхои абрнок ва дар айни хол офтобии Самарканд бармегардам.

Дар ин пайванд аз мухтавои ин мачмуъа метавонед бихонед: Би Би Си Форси-Точики   

2 پاسخ

  1. Устод Хазрат Сабохй инсони дарвокеь начиб ва род чандин сол дар Душанбе кор кардаанд ва банда борхо дар сухбати ширину ибратомузи ишон будаам. Бисёр дарднок аст, ки афроде монанди он кас ва хамчунин устод Адаш Истад ва даххо нафари дигар ба иллати ноамнихои Душанбе пойтахти Точикистонро тарк карданд ва ба назар мерасад, бозгашти онхо ба ин шахр дур ва шояд ношуданист. Хар кас ки ин устодонро вохурад, лутфан, аз банда ва садхо мухлиси дигар ба онхо саломхои гарм бирасонад. Чои онхо дар Душанбе холист ва шумори халки Точикистон бигзор ба 7 миллион расида бошад хам, бидуни онхо нопурра асту нотакмил хохад буд.
    Аз номаи Шумо дарёфтам, ки инсонхои нек хар кучо бошанд, номи неку эхсосоти гарму пок аз худ мегузоранд ва хар кучо ки бошанд, худованд ба онхо саломатй ва сари баландро арзонй дорад.

  2. Ин хам як гуна чанги фархангист, ки давлатхо бар зидди равшанфикрон раво мебинанд. Дар ин асри озодии фаровон ва дастдарозии инсон, мо чахонисаввумихо хануз устодон ва наздикони худро беному нишон гум мекунем ва дастамон ба чое намерасад. Боз хам аз даст кутохии худ осеб мебинем. Устод Сабохи ягона устоде нестанд ки ватанро дар айни рушд ва авчи кор тарк кардаанд, дар вокеъ ронда шудаанд ва чойи онхо то абад дар дили шогирдон ва давраи чавонони мо холи хохад монд. Хануз ман дар суроги устод Юсуф Абдуллоев хастам ва Хазрат Сабохи ва бисёре дирагон ки метавонистанд бо хузури худ инкилоби фархангие дар кишвари мо рох биандозанд. Аммо хар кадом дар хар гушаи дунё даст бо танхойи ва дури аз пайравони худ нарм мекунанд.
    Бар фарханги парешон ва равшанфикрони сарсону саргардони точик дилам месузад.
    Бо сипос ба шумо,Салими Аюбзод, ки худ сарнавиште инчунин доред.

دیدگاهتان را بنویسید

نشانی ایمیل شما منتشر نخواهد شد. بخش‌های موردنیاز علامت‌گذاری شده‌اند *