Search
Close this search box.

ریگستان

نوشته‌های شهزاده سمرقندی

Аз Ирон чи чизхоро бояд омухт?

Хеле дуст дорам баъд аз ин хама ишкварзи аз рохи дур бо Ирони нодида ба Ирон сафар кунам. Ба Ироне ки дуст дорам ва солхо бо армони ширини сарзамини Шохномаи бузург зиндаги кардам.

Дунболи дустон ва ошноёне мегардам ки дар айни хол дар Ирон кор ва зиндагони мекунанд. Ироне ки метавонад дар бисёре аз масоил ва мушкилот дастгири мо мардуми форсизабон бошад. Аммо байни ин хама ишк ва шайдоии худ аз фарханг ва мардуми Ирон бояд содикона аз нигаронихои худ низ бигуям.

Нигарони ман сари он аст ки мо точикони Осиёи Миёна хануз барои худ равшан накардаем ки дакикан чи чизи Иронро дуст дорем. Ирони хокимро ва ё Ироне ки бо тафовутхои фархангии мо форсизабонон созгоррост ва моро хар тавре ки хастем мепазирад.

Иронро хеле аз ирониён ба ду таксим кардаанд ки мо точикон гохе онро нодида мегирeм ва ё ба чиддияти он хануз пай набурдаем. Ирони давлати ва Ирони мардуми.

Дуст дорам дар ин бора дустон бештар бинависанд то суолоте ки мо дорем чавоб пайдо кунанд ва худро аз ин чараёни пазируфтани кур-куронаи хар чи Ирони берун бикашем ва робитахо ва дархои кунун ба руи мо боз шударо аз шуруъ солим ва бо чашму дили боз тачруба ва убур кунем.

Мо точикон дар айни хол аз бисёрии мушкилот ру ба масчид ва чойхона овардаем ва дар холи тачруба кардан ва аз хад гузарондани истифода ва тачрубахои "хар он чи дар даврони шурави буд" ба сар мебарем. Аз намозу ибодат то кор дар хорич аз кишвар ва гирдихамории сарватхои кучак аммо хусуси ки бидуни игрок метавон гуфт, хонаводахо ва чавонон ва хато кудакон дар ин рох тарбият ва рушд меёбанд. Сарватхои моли ки дар муддати бисёр аз даст мераванд.

Барояшон доштани мошин ва телефони дасти заруртар аст то омухтани компутер ва ё андухтани дониши сахех ва дасти аввал аз рузгор ва сиёсати руз.

Ин тур ки фикр мекунам мебинам мо точикон дар рохи интихоби рохи осон хастем. Рохе ки моро водор мекунад ки камтар захмат кашем. Захмат дар рохи омухтан ва кашф кардан. Мо хануз аз корафтода меомузем на аз роххои имрузи ва роич ба ин асру сол. Аз тарики "фалони ки рафта буд Омрико  мегуяд" ва ё "фалони ки рафта буд Ирон мегуфт"… ва он гуфта ба назарашон вокеитар аст то назари коршинос.

Холо бо ин хадди чахонбини ва хушёри дар тахлили иттифокоти руз мо точикон оё омода хастем ки барои ояндаи худ назар дахем? Назар дахем ки мо чи чизро мехохем?

Ба назари ман мо бояд харф бизанем то маълум шавад ки мо дар кадом сатх ва рох истодаем.

Мо набояд иштибохи мардуми Иронро такрор кунем ва нагзорем ки таъсири манфии он ба чомеаи мо низ бирасад. Агар дер нашуда ва чоё барои ислох аст, мо бояд рох ва равиши точиконаи худро хифз кунем.

Дар хамин лахза ки инхоро менависам аз дусте пайвасте дарёфт кардам ки аз Гулнора Каримова мегуяд. Сайти Доёче Велла аз духтари Ислом Каримов навиштааст ва мегуяд ки оё духтар метавонад иштибоххои падарро бартараф кунад?

Ман мутмайин нестам ки битавонад, аммо дар айни хол нигарони инам ки байни ин хама даргирихо кишвари Узбекистон низ ба дасти исломгарохо биуфтад ва дини ичбори боиси бединии мардуми мусалмон гардад.

Ман мухолифи хар он чи хастам ки дар анчоми он чабр ва ё тахмил кардан ба кор рафта бошад. Чи дар рохи худо ва чи дур аз рохи худо.

Инхоро барои ибрози хушбошии устод Салим Аюбзод менависам ки бо сомонаи тозаи худ дар дунёи мачозии интернет (http://aioubzod.wordpress.com) ба тозаги хузур пайдо кардаанд. Хамон тавр ки устод
Адаш Истад навиштаанд аз "кидору рафтору пиндори неки Салим Аюбзод" фазои камшумори веблогхои точики танавуъ бештаре пайдо хохад кард.

Аммо кош ин ду устод агар вакт пайдо карданд аз он бинависанд ки мо бояд чи чизеро аз Ирон биомузем ва аз чи чизи он худдори кунем.

Барои дидани аксхое аз Техрон, пойтахти Ирон ба ин пайваст мурочеа кунед: http://www.worldisround.com/articles/98910/

از ایران چه چیز هارا باید آموخت؟

  فشرده این متن را با خط عربی  در این جا بخوانید:

خیلی دوست دارم بعد از این همه عشقورزی از راه دور با ایران نادیده به ایران سفر کنم. به ایرانی که دوزت دارم و سالهای زیاد با ارمان شیرین سرزمین شاهنامه بزرگ زندگی کردم

دنبال دوستان و آشنایانی می گردم که در این حال در ایران کار و زندگی می کنند. ایرانی که  می تواند در بسیاری از مسایل و مشکلات دستگیر مردم فارسی زبان باشد. اما بین این همه عشق و شیدایی خود از فرهنگ و مردم ایران باید سادقانه از نگرانی های خود نیز بگویم.

نگرانیی من سر آن است ما تاجیکان اسیای میانه هنوز برای خود روشن نرکرده یم که دقیقا چه چیزی ایران را دوست داریم. ایران حاکمرا و یا ایرانی را که با تقاوط های فرهنگی ما فارسی زبانان سازگاراست و مارا هر طوری که هستیم بپزیرد؟

ایرانرا خیلی از ایرانیان به دو جدا کرده اند که ما تاجیکان گاهی آنرا نادیده می گیریم و یا به جدیت آن هنوز پی نبرده یم. ایران دولتی و یا ایران مردمی.

دوست دارم در این باره دوستان بنویسند تا سوالی که ما داریم جواب پیدا کند و خودرا از این جریان پزیرقتن کور کورانه هر چه ایرانی بیرون بکشیم و رابظه ها و در ها کنون به روی ما باز شده را از شروع با چشم و دل باز تجربه و عبور کنیم

و همین طور از به استاد سلیم ایوب زاد نیز برای شروع به وبلاگ نویسی تبرک کرده ام و پیوند وبلاگ آن کس را آورده ام که اگر خط سیریلیک می خوانید به آن هم سری بزنید: http://aioubzod.wordpress.com

2 پاسخ

  1. اين خط عربي نيست خط پارسيست كه نياكانتان نيز اينگونه مي نگاشته اند ايرانيان اين خط را برسميت مي شناسند خطي كه شما با ان مي نگاريد بيگانه است

  2. Ассалому алайк.
    Аввал бор аст ки бо сойти шумо ошино мешавам.
    Баъд дар мавриди хичобу дигар матолиб бештар барои шумо менависам.
    майлиш

دیدگاهتان را بنویسید

نشانی ایمیل شما منتشر نخواهد شد. بخش‌های موردنیاز علامت‌گذاری شده‌اند *