Соли 2010 ро бо шафофият мехоҳам шуруъ кунам. Шафоф ва бо ҳамин чанд хонандае ки дорам ва ҳамеша лутф доранд пойи навиштаҳоям назар мегузоранд. Аслан ҳамроҳ бо шумое ки дар ҳоли хондани ин матлаб ҳастед, ин румони ҷадидро ба поён бирасонам. Ба ҷои ин ки ҳамаро бинависам ва бароятон аз тариқи имайл бифристам, ҳамин ҷо пора пора менависам ва дар дастраси шумо мегузорам. Ба умеди ин ки маро ба роҳи рости навиштан ҳидоят кунед.
Ин дафъаи аввал нест. Солҳои аввали веблогнависӣ ҳамин корро мекардам чун он замон навиштан бароям танҳо шеър ва достон буд. Бо чанд давру муаллақзаданҳое дар ин панҷ шаш сол гузашта дубора баргаштам сари ҷои аввали худ. Ҷое ки дуст дорам бо хат ва забони шево ва фаҳмо барои мардуме бинависам ки дар як ҷумла манзури маро дарк мекунанд ва хиёбони ба тасвир кашидаамро бидуни номовардан мешиносанд. Барои ҳамдилоне ки дар хонаҳояшон пирамарде зиндагӣ мекунад мисли ҳамин каҳрамони достони ман. Пирамарде гармо ва сармо дида. Пирмарде гургхуй ва оҳу табиат ки аз баландии тахаюлоти худ пойин намеояд. Пирамарде кумунист ва мусалмон.
Бо иҷозаи устодон ва адабдустон, ин ҳам аввалин пораи ин румон.
Пирамард дарро бо зур боз кард ва барфи пушти дар ҷамъшударо бо дастонаш ба тарафе тела дод. Барф рӯйи ҳавлиро сафедпӯш карда буд. Пирамард ба калӯши пояш фикр кард ва ба ин ки оё пойафзоли зимистонае дорад ки ба пой кунад. Чизе ба ёдаш наомад.
Вақти намоз буд. Дар дил худоро шукр кард ки масҷид наздики хонааш аст. Аммо ба касоне фикр кард ки аз роҳи дур ба сӯйи масҷид хоҳанд омад. Аз дами дарвоза баргашт ва ба тарафи оғил рафт. Бо беле паҳн аз он берун омад ва шуруъ кард ба канор кашидани барф. Барфе ки лаҳза ба лаҳза ангор сангин мешуд. Ҳар беле ки баланд мекард ва ба канор мерехт ӯро ба ёди об меандохт ки тобистон ба боғҳои маҳал руҳи сабз мебахшад. Дар дил гуфт бигзор биборад. Аммо сармо ва бебарқӣ ба ёдаш омад.
Як ҳафтааст дунболи роҳи ҳал аст ки чи кор бояд кард то мардум аз ин зимистон ба амон бигзаранд.
Дусад метри дигар то масҷид мондааст, аммо камари пирамард ба дард омад. Ба оҳистагӣ қоматашро баланд кард ва ба аввалу охири роҳ нигоҳ. Аз ин кӯча ҳеҷ мошине намегузарад ки ҳадди ақал роҳи бачаҳои мадрасаравро боз кунад.
Ба так так мошиндорони маҳал фикр кард. Раҳим ҳатман худро ба беморӣ меандозад ва имрӯз сари кор нахоҳад рафт. Дигар мошиндорон ҳам каллаи саҳар сари кор нахоҳанд рафт.
Ёди даврони ҷавонии худ кард. Давроне ки мошин дошт ва ҳафти субҳ бояд аз хона берун мерафт то сари соати ҳашт дар дафтари худ ҳозир бошад. Вақте аз ҳамин кӯча бо мошин мегӯзашт боре ҳам ба роҳи барфпӯш фикр намекард. Ёдаш намеомад ки ба барфпӯш будани роҳ ва ба роҳгузарони калушпӯш фикр карда бошад. Пас ҳоло ки кори зиёде аз дасташ барнамеояд чаро ба ин ҳама фикр мекунад, намедонист.
Шояд сараш пур буд ба масоили бузург ва корҳои ҳамагиртаре ки бо кундӣ пеш мерафт. Ҳоло аз ин ки ҳеч коре на шуруъ мешавад ва на ба поён мерасад дилаш хун аст, хуне ки дигар ҳатто даҳонаш ба таъми он одат кардааст.
Масҷид холӣ буд. Танҳо чойхоначӣ канори самовари кӯҳнае нишаста буд ва ба садои ҳис ҳис ҷӯшидани чой гӯш медод. Ҳамон Ниёзе ки дар масҷиди шаҳр зонувони худро ба оғӯш гирифта нишаста буд ва ашк аз гӯшаи чашмонаш мешорид. Ҷавонписари бехонумоне буд, ки дар сармои дандоншткан хонааш ба коми оташ рафта буд. Пирамард ӯро ба масҷиди маҳали худашон овард ва ба ӯ қавл дод ки аввали баҳор барояш сарпаноҳе хоҳад фароҳам кард.
Ниёз бо дидани пирамард аз ҷой бархост бо забони ӯзбеки салом дод ва зери бағали пирамардро гирифт. Пирамард то миён хис шуда буд. Ҷомаи худро аз тан кашид ва ба дасти Ниёз дод. Ниёз онро канори оташдон гузошт. Аз муйсафедони маҳал касе ҳозир набуд. Пирамард ба Ниёз гуфт: Аҳли варзиш ҳастӣ? Ин одати пирамард буд вақте аз ҷавонон кӯмак мехост бо ҳамин ҷумла шурӯъ мекард.
Ниёз бо шухӣ гуфт: аввал гарм шавам. Манзураш худи пирамард буд, ки аз сармо меларзид ва кулушаш пур аз барф у об буд.
Остонаи масҷид аввалин бор диққаташро ҷалб кард. Остонае ки қаблан бидуни кӯмак аз он боло мерафт ва ҳоло ниёз ба кӯмак дорад. Пирамард ёдаш омад ки чандин бор ба Ниёз гуфта ки намедонад пойҳои у кутоҳ шудаанд ё остона қад мекашад. Такрор накард вале Ниёз онро аз нигоҳи пирамард хонд ва бо лабханде ба остона нигоҳ карданд.
Бинои масҷид замони шуравӣ боғчаи кӯдакон буд. Тамоми кӯдакони маҳал аз субҳ то шом инҷо ҷиғу доду фарёд мекарданд ва борҳо бо мураббиёни даъво карда буд ки чи хабар охир, ба он кудаки гирён касе таваҷҷӯҳ мекунад ё на?
Вақте аз ӯ пурсиданд ки оё мувофиқ аст ба ин ки боғчаи кӯдаконро ба ҷойи дуртаре мунтақил кунанд, гуфта буд магар кори муҳимтаре надоред. Ба ҷойи ин ки боғчаро аз як ҷой ба ҷойи дигаре бикучонед, мадрасаи кӯҳнаву фарсудаи маҳалро таъмир кунед. Бечора бачаҳо ҳатто дастшӯйи дуруст ҳисобӣ надоранд.
Ва ёдаш омад ки чи қадар асабонӣ шуда буд вақте духтараш то байни дарсҳояш то хона давида буд ки аз дастшуйи истифода кунад ва дар роҳ поҷомаашро хис карда буд. Мегуфт дастшуйи мадраса сурох аст ва гоҳе писарон ба дохили бахши духтарона ё дид мезананд ё кулух парт мекунанд. Он руз пирамард аз дари мадраса бо қаҳр ворид шуд ва ҳамаи муаллимонро ғофилгир кард. Ҷавонмарди баддоҳоне буд пирамард вале ҳарфои мантиқӣ мезад. Ҳамааш ҳам ҳарф набуд, пуштикор ва истодагиҳояш ҳам қобили таҳсин буд. Эътиқод дошт ба ҳарфҳое ки мезад. Аслан то ҳарфаш амалӣ нашавад на худ мехрбид ва мегзошт дигврон бихобад. Бераҳм буд пирамард вале одил. Ҳамон ҳафта мадраса дорои дастшуйи ҷадид шуд. Ва хаёлаш роҳат шуд. Аммо ҳазорон чизи дигаре буд ки фикрашро машғул нигаҳ медошт.
Боғчаи кудакон яке аз онҳост.
Дар таҳи дил мегуфт агар боғчаро дуртар баранд ба модарон сахт мешавад. Инҷо сари роҳ бачаҳояшонро мегиранд ва ба хонаҳояшон мераванд. Модароне ки субҳ то шаб дар майдонҳои панба бо гунаҳои сӯхта ва қалби доғ бояд панба бичинанд. Модароне ки бо сару руйи гарду ғубор ҳар ғуруб як доман ҳезум ва ё алаф ба суйи боғча бармегаштанд ва саре ба боғча мезаданд то бачаи худро ҳам бигиранд .
Аммо чаро бо ин ҳама дилсӯзӣ ки нисбат ба ин бачаҳои нимасер ва модарони сахткӯш дошт боре ҳам ба ин ҷо наомад то бибинад ки шояд он ҳама садои гиря ва доду фиғон аз ҳамин остони баланд аст. Остоне ки ҳар руз як ё ду кудак шух аз он сар ба зер мешад ва садои фарёдаш ба фалак мепечид. Шояд метавонист роҳи ҳалле пайдо кунад.
Як астағфуруллоҳи баланде гуфт ба меъмори ин. Ёди кӯдаконе афтод ки аз ин остон бо сар рӯйи асфалт афтодаанд ва аз шиддати тарс ва дард садо дар гулуяшон банд омадааст. Астағфуруллоҳ!!!
Ниёз ба суйи пирамард нигоҳ кард. Нигоҳаш суол дошт аммо забонаш намечархид. Борҳо дар ин гуна маворид кунҷковӣ карда ва беҷавоб мондааст.
Пирамард ду се бори дигар астағфуруллоҳ гуфт ва рӯйи кӯрпача ҷойи ҳамешагии худ нишаст. Ҷуробҳои сӯрох шудаашро аз пой даровард ва бидуни ҳеч шармсорӣ канори оташ паҳн кард.
Ниёз ду се ҷумлаи дигар ҳам гуфт ки ба гӯш пирамард нарасид. Пирамард дар олами худ буд ва бо оромиши тамом ҷомаи худро канори сандалӣ паҳн кард ва оби онро бо ду дастони аз сармо кафидааш ҷафид.
Сандалӣе ки ҳамеша ӯро ёди дарахти себи ҳамсараш меандозад.
(идома дорад)
Аз назар ва раҳнамойи шумо сарфароз хоҳам шуд. (Шаҳзодаи Самарқандӣ)
5 پاسخ
man safarnameye irane shoma ro khoondam va kheili doost dashtam baraye in ke betoonam neveshtehatoono bekhoonam daram kamkam alefbaye shoma ro yad migiram.pirooz bashid
سلام
شهزاده خانم سلام
خوشحالم كه با وبلاگ شما آشنا شدم. سفرنامه شما خوب و قشنگ بود و كامل خواندم.
لطفا” در زير نوشته هايتان ساعت و تاريخ بگذاريد
تشكر
Салом Шахзодахонум!
Ба шумо саломативу бурдбори мехохам ва хохиш дорам ичозат дихед то ин пораи романатонро дар сахифаи рузномаи “Боргохи сухан” (чопи Душанбе) ба нашр расонам. Умед дорам, хохиши маро рад намекунед…
Мухаррири рузнома Шухрати Хазратшох
درود
7 شهر از مجموعه اشعار شما را در شماره 71 نشریه “بخارا” خواندم، زیبا بود و برای ماییی که بخارایمان را و سمرقندمان را، شاخه همخون جدا افتاده خویش می دانیم،هم سکر آور و هم ملال انگیز.
سفرنامه تان هم جالب بود
البته شوروی با ایران ما قابل مقایسه نیست، هر چند
!!!!
سلام بر شهزاده سمرقندی
در اول کار بگم که من شیفته چهره و صدای زیبایتان و قلم روانتان هستم.
من دارم پروژه تبدیل خودکار سرلیک به فارسی رو انجام میدم و تا یکی دو هفته دیگه هم ارائه میکنم و کار کردن باهاش خیلی هم راحته.
فقط یک سری مشکلات هست که اگه ممکنه خودتون یا کسی که وقت آزاد داشته باشه برای من حل کنه.
فعلا سرلیک به لاتین رو بررسی میکنیم چون سرلیک به فارسی سخت تر است به خاطر حروف صدا دار و همچنین حروف مشابه فارسی مثل : زض ذ ظ .
مشکلی که باهاش مواجه هستم به این صورته که برنامه من موقع تبدیل حرف خ و حرف ج به مشکل برخورد میکند :
مثلا در پست “رمان در وبلاگ یا کمنیست مسلمان ” مشکلی نیست :
“sale 2010 ra ba shafafeyeht mekhaham shoroe konam.”
“peramard darra ba zor baz kard va barfe poshte dar jameshodara ba dastanash ba tarafe tela dad.”
ولی در پستهای قبلترتون هنگام تبدیل سرلیک , حرف خ و حرف ج اشتباه میشود :
“Amma medanam ke mardome tachek khamdel va khamfekre mardome eranand ke az bare eslame echbare va seyasate zorgoye chomkhoree eslame khastaand va ba dad rasedaand. ”
اگه راهنماییم کنین بسیار متشکر میشم , در واقع تنها امیدم شما هستید
من برا این کار زحمت زیادی کشیده ام وباور دارم که قدم بزرگی هست برای آشتی و پیوند هر چه بیشتر ملت ایران و تاجیک. در پایان تبدیل سرلیک به فارسی هم اینجا قرار میدم :
peramard darra ba zor baz kard va barfe poshte dar jameshodara ba dastanash ba tarafe tela dad. barf rooye havlera safedpoosh karda bod. peramard ba kalooshe payehsh fekr kard va ba en ke aya payafzale zemestanae darad ke ba pay konad. cheze ba yadash naamad.
پِرَمَرد دَررا با زُر باز کَرد وَ بَرفِ پُشتِ دَر جَمعشُدَرا با دَستانَش بَ تَرَفِ تِلَ داد. بَرف رویِ حَولِرا سَفِدپوش کَردَ بُد. پِرَمَرد بَ کَلوشِ پایهش فِکر کَرد وَ بَ ِن کِ ایا پایَفزالِ زِمِستانَِ دارَد کِ بَ پای کُنَد. چِزِ بَ یادَش نَامَد.
اگه همینجا برام پیغام بزارین با تو یاهو منو اد کنین بسیار ممنونتون میشم . با تشکر 🙂