Оё рузи чахонии зан ба мо хам таалук дорад?


Каблан ки чавон будам хидмати модарони худро дасти кам мегирифтам. 

Дасти кам мегирифтам ки онхо сар аз фаранчи берун кардаанд ва по ба пои русхои (холо мегуем ишголгар) худро аз истибдоди мардсолори начот додаанд.

 Дасти кам мегирифтам ки онхо барои рафтани сари кор ва донишгох бояд мечангиданд ва муборизахои дарозмуддат дар хонаводахои худ мебурданд ки як кадам хампои бародарони худ пешрафт кунанд ва дар хамаи сохахо фоъол бошанд. Ба назарам мерасид ки кори зиёде накардаанд. Ба назарам мерасид ки мубориза танхо мусаллахона аст ва дар замони чангу задухурдхои шадиди гурухи ва байни кишре аз миллат сурат мегирад.

Аммо имруз ки худ низ як зан шудаам, як зани маъмулии точик, мефахмам ки чи кадархо мубориза бурдаам. Чи кадархо хуни дил хурдаам то худро ба хостахои худ бирасонам. Як зани маъмули точик будан худ чи кадар сахт медонед? Хатман медонед ва шояд дидаед аммо руи ин мавзуъ диккат накардаед. 
 
Мане ки замоне шак мекардам рузи чахони зан 8 Март ба мо занони точик ва суннатии осиёи низ таалук дошта бошад. Ба мое ки дар набарди баробарии зану мард ва гирифтани хаки ширкат дар интихобот коре накардем ва омода ба кафи дасти мо мегузоштанд.
Холо дар ин рузи чахони аз дур ба занони сарзаминам нигох мекунам ва бо ифтихор мегуям ки хар зане ки барои истиклоли рузмарраи худ талош карда ва мубориза бурда ва мавриди шатту шалок ва ё хушунат карор гирифта ба хотири шикастани кавонинхои маххаллие ки мухолифи хост ва орзуи у буда, сазовори ин руз аст.
Хар зани точик ки дар роххои охани Русия, дар зерзаминхои чиркини Туркия, Дубай, Куре ва дигар кишвархо захмат мекашанд то фарзандон ва хонаводаи худро аз факр берун кашад, сазовори ин руз аст!
Хар зани точике  барои саркаши ва ё барои расидан ба орзухои худ часорат кардааст ва рахти сафар бастааст ва ё дар хоки Ватан худро ба обу оташ задааст то чизе бисозад ва ба чизе бирасад, сазовори ин руз аст! 
Хар зане ки аз чой бархоста ва дастнигари дигаре набуда мубориз аст ва муборизаи баробарии зану мард хануз идома хохад дошт, то зане хаст ки хануз дар дил тарс дорад ва ё танхо ба хотири зан будан аз расидан ба хоставу орзуи худ махрум бошад, ин мубориза идома хохад дошт ва рузи 8 Март ёдовари занони шучоъ ва далер хохад монд ва занони шучои дигарро ба вучуд хохад овард.
То замоне ки мо надонем хамсарони райисчумхурхои  мо кист ва модаронашон чи кора будаанд ва чи хидмату аз худгузаштагие кардаанд ки писарон ва хамсарони худро ба мансаб расондаанд ва бо дасти писарони худ пушти парда мондаанд, муборизаи баробари зану мард идома дорад. 
Мубориза идома дорад то замоне ки зане бихохад даст ба коре занад ва марде ба чои ин ки дасти уро гирад садди рохи у шавад, мубориза идома дорад. 
Мубориза идома дорад то замоне ки хама занони чомеаи мо надонанд ки 8 Март аслан худ чи гуна рузе аст, мубориза идома дорад то замоне ки занон дар ин руз хадяхо ва гулхо дарёфт кунанд ва рузи дигар дубора мавриди хушунат ва озор ва ё тамасхури  хамсарон, писарон ва падарони худ карор гиранд барои ин ки орзуи матфовит ва дур аз тасавури онхо кардаанд. 
Мубориза идома дорад то замоне ки дини ислом дар кавонини худ рочеъ занон тачдиди назар кунад.
Чомеаи чахони бо риъоят ва таъйиди хаки баробарии чинси ру ба рушд ва пешрафт гузошт. Урупо мачбур шуд дар хамаи кавонини худ дар мавриди занон ва сиёхпустон тачдиди назар кунад ва пешрафт кард, бурд кард танхо бо ба чо овардан ва риояти хаки зан. 
Чомеъахое ки то ба хол чахони саввум хонда мешаванд танхо ба хамин далел аст ки риояти хаку хукуки инсони шариф дониста нашуда. Агар хам шуда зохири ва беумк буда. Агар ислом тачдиди назарро напазирад шикаст хурдааст ва  то карни дигар худ ба худ поён хохад дод. Давлатхо ва диктотурихои Осиёи Миёна хам бояд сахт ва амик ва ба зуди ба як рефеондуми сиёси ва фарханги бирасанд вагарна ин садаро хам бо мубориза барои пойин овардани диктотурхо аз даст хохем дод ва фурсатхои зиёди дигар низ аз даст хохад рафт. 
Фурсатхое ки занони Осиёи Маркази ва Ховари Миёна то ба хол ба он нарасидаанд ва хакки онхост ки дер ё зуд мустаъмал шавад. 
Чараёни табъии чомеъа ба ин су меравад, шумо ба кадом су мехохед биравед ихтиёри шумост, аммо дар мукобили занон ва духтарони худ ва дар як калима мукобили демокроси лутфан карор нагиред. Чун он рох шуморо ба Газзофи ва Хусни Муборак мерасонад!
8 Мартро ба хамаи занони часур, малех, зебо, боистеъдод, орзуманд ва кушои точик хучаста бод!  Ва бояд бидонем ки мо аввалин нестем ки ташнаи муборизаем ва ниёз ба пешрафт дорем, аммо айб аст, заъф аст, касри шаъни милли мост агар охирин мардум бошем. Точикон набояд дар торихи петарфти инсоният дар сафи охар карор бигирад. Мо хамин гуна хам боиси сарбаландии ниёкони худ нестем ва мутаасифона то ин чо низ дар сохтани торих ва давлати худ меваффак набудаем. муваффакиятхои мо дар пеш аст ва зане марди точик даст ба дасти хам ба он хохад расид. 
 
  

یک پاسخ

  1. سلام
    نخست می خواستم به شما به خاطر سایت زیباتون تبریک بگم بعد هم شکایت کنم که جچرا دیگه به خط فارسی مطلب نمی گذارید من دو ماهی هست که این سایت رو پیدا کرده ام و خیلی دوست ارم بیش تر از هم وطنان خود در ازبکستان به خصوص سمرقند و بخارا بدانم و می خواستم بدونم چه طوری می تونم خط تاجیکی یاد بگیرم

    محمد جواد عزیز
    مطلب اخیرم را به خط فارسی نوشتم
    اتفاقن جندی پیش درباره آموزش خط سریلیک با مهدی گفتگوی داشتم و هنوز سر سبک آن به نتیحه ای نرسیده ام. فکر خوبیست که ذهن مرا هم چندیست به خود مشغل مرده است.
    امید دارم بخ زودی این کاررا شروع بکنم
    منون از پیام تان
    شهزاده

دیدگاهتان را بنویسید

نشانی ایمیل شما منتشر نخواهد شد. بخش‌های موردنیاز علامت‌گذاری شده‌اند *