30 Апрел хар сол кишвари Холанд ранги норинчи ба худ мегирад. Мардум дар хиёбонхо ба раксу бози мепардозанд. Тамоми рудхонахо ва каналхои ин кишвар пур аз киштиву коик мешавад бо мардумони шодмон.
Ин рузест ки Холланд мутахид мешавад ва чашн аз шаби кабл шуруъ мешавад то шаби рузи баъд идома пайдо мекунад.
Ин рузи тавалуди Биатрикс модари маликаи кунуни аст ки тачлили он хатто баъд аз марги у низ ба унвони нумоди милли идома пайдо кардааст.
Яке аз одатхои кадими ин мардум дар чашни ин руз ба киммати бисёр арзон фурухтани лавозими хона ба унвони хайр ба нодорони чомеа ва хамчунин берун рехтани восоили нолозим ва кадими аст. Хар чизе ки барои фуруш аз хона берун оварда мешавад дубора баргардонда намешавад ва поёни руз дар кучаву хиёбон васоили зиёде чо мемонад. Ин рузест ки хар сол ман бо гулдонхои зиёди маччони бармегардам ва дар тули сол ба онхо гул мекорам.
Аммо берун рехтани васоили хуб ва хатто истифода нашуда касро ба ёди нодории кишвархои чахони саввум меандозад ва ба камкории созмонхои хайрия ки метавонанд бо интиколи ин хама ашьё ба он кишвархои ниёзманд теъдоди назарраси камбизоатиро метавонанд кохиш диханд. Коре ки то ба хол сурат нагирифта ва танхо ба унвони чашни як рузи миллии махдуд ба Холланд ва холландиён боки мондааст.
Ин кори видиоии ман аст аз рузи маликаи Холланд ки бо дустони худ ба яке аз махалхои кучак ва кадими рафта будем. Шахраки туристие бо номи Фолендам ки ман дах километр дуртар аз он дар хамсоягии он зиндаги мекунам.
Бо диданихои Фолендам дар рузхои оянда шуморо ошно хохам кард.