Дехи Тиллойи

Шояд хануз хеле аз мо дар ёд дошта бошем ки он дехи тиллойи ки Мирсаид Миршакарро (агар иштибох накунам) аз он дар достони "Кишлоки тиллойи" худ мегуяд.  Дехе ки дарвоза надорад ва мардумонаш ба дархои куфл намезананд ва мехмондустанду бениёз. Ин Дех хам сабз аст ва хам фаровони бисёр дорад. Дехе ки ман дуст доштам онро дар зехни навчавони худам зинда кунам ва хар бор дехе дигар ва мутафовит месохтам барои худ ва дар он рох кадам мезадаму аз вокеяити атрофам пинхон мешудам. Ин чо дар Холланд, як дехи кадими аст ба номи Фолендам ки ман фирк кунам як намунаи хубе аз хамин деххои тиллоист. Ин чо хам гулу гулзор аст, хам гову гусфандони серу фарбех дорад ва осиёб пур орд асту гармову нармо ба андозаи хушии дили инсон. 
 
Киштихо дар рафту омаданд ва укёнус дарвоза надорад ва дех девор надорад ва рудхои нозук обхоисабзро ба магз магзи дех мерасонад шодоб мекунад. Ин дех гуйи гуруснае надорад ки ба дунбол кухои сафеду фарбех бидаванд ва пуст аз онхо бикананд. Ин дех ба андозаи озоди сели мургони дарёйи сафо дорад. Ин дех сарвате дорад гаронбахотар аз тилло ки осоиш ва оромиш мардумон аст. Ин дех дузд надорад ки дучархахои рахо шуда пушти дарро бо худ бибарад.
 
Ин дехро дар панч соли гузашта шояд панчох бор дидаам,  аммо дируз ба истилох бо чашмони "миллй" ба он нигаристам на бо чашми фарди худ ва ин хамаро дидам ки каблан надида будам. Вокеият ин аст аз замоне ик аввалин дурбини хирфаи барои худам харидаам атрофро бехтар мебинам. Аз нигохи дурбин мебинам ва ин ба ман кумак мекунад аввал ашё ва афродро хамон тавр ки хастанд бибинам ва баъд ба онхо бахо дихам. Чанд вакт аст ки ба ин хакикати талх пай бурдаам ва он хам ин аст ки вакте бо чашмони худ ба атроф нигох мекунам ё на хамаи чизро мебинам ва ё вакте хам бибинам аввал бадиву зишти диккатамро чалб мекунад. Аммо бо дурбин ангор атроф ва зиндаги ба чуз зебойи чизе надорад. Чун бо чашми касоне нигарам ки карор аст ин филмро бибинанд. 
Дурбинам чашми ман шуда ва вакте пушти дурбинам комат хам мекунам то ба тасвир бигирам хамаихасти зебо мешавад ва комат рост мекунад. Ин шахраки лаби укёнусро борхо дидаам аммо ин бор уро шабехи он дехи тиллойи дидам ки дар орзуи он хастем. Дар холе ки дех будани худро хифз карда тамоми маззияти шахр ва мудернисмро низ дар худ чой дода. 
Оё ин хамон шахре нест ки орзу доштам дар он зиндаги кунам? Агар хамин аст, пас 10 километр боорзухои худ фолиса дорам. Аммо ин аз он руёхоест ки хар чи наздиктар мешави дуртар меравад ва хеч гох ба он намераси. Орзуи ман зистан дар шахре чунин сабзу шодоб нест, балки чунин сабзу шодоб сохтани сарзамини модариам аст. Орзуе ки аз он хазорон километр дурам. 
Тамоми муддати тамошо ва филмбардори ба ин фикр мекардам ки холландиён обхои укёнусро ронданд ва хоки онро сохиб шуданд долу дарахт киштанд, мо хануз  наомухтем ки заминхои хушку сухтаамонро обёрй кунем? 

دیدگاهتان را بنویسید

نشانی ایمیل شما منتشر نخواهد شد. بخش‌های موردنیاز علامت‌گذاری شده‌اند *