ва ё нигох аз дур ба сарзамини дил
Чанд руз аст ки ба даргирихои поённопазири Точикистон ва Узбакистон фикр мекунам. Ба ин ки Точикистон дар огуши танги кухсор то кай метавонад дастнигар бошад. То кай Узбакистон роххои иртиботро зери багал мезанад ва то кай кишвархои Урупойи ва Омирико танхо ба манфаати худ фикр мекунанд?
Омрико ба тозаги дубора ба канори Узбакистон баргашта ва ба зуди Бритониё низ кадам ба чойи пойи Омрико мегузорад ва зери багали Узбакистонро бо хам махкам мегиранд то битавонад нерухои низоми ва тонкхои чангии худро аз Афгонистон берун кашад.
Афгонистон ба наздикии ду се сола бо ин хама мушкилот ва бадбахтихояш танхо хохад монд ва Толибон низ бародарони онхо хоханд шуду будора вориди чомеъа хоханд шуд ва шояд ба кишвархои хамманофеъ хамсоя бидуни визо рафту омад кунанд.
Осиёси Миёна аз сояи сиёхи ин вазъият дур нахохад монд.
Осиёи Миёна бахонахои зиёд барои "сахтгирихои бештар" хохад дошт ва хар ки на ба табъи дили уст чой дар он хок нахохад дошт.
Зимоми ин рафтори Узбакистон "дастнигарии муваккатии" Омрико ва Бритониё ба уст. То замоне ки Омрико ва Бритониё тамоми захирахои чангии худро бехатар аз тарики хоки Узбакистон (Термез) берун бикашанд Узбакистон "кушишхои худ барои сари кудрат монданашро" сареъ ва зуд амали хохал кард.
Точикистон маъсум мисли мардуми худ ва богурур мисли куххои худ бесамар дар ин бози дастнигари ду кишвари "дарбу догони" Эрон ва Афгонистон хохад монд.
Аз чехраи Имомали Рахмон пайдост ки тарчех медихад бо хамон бародарони руси худ машруб бихурад то бо Карзай ва Ахмадиначод намоз бихонад.
Вале ин муковимати маъсумона ва "нозхои" дернапояндаи ин кишвари нозанин то кай идома хохад дошт?
Ман дилам ба Точикистон бештар месузад то ба Самарканду Бухоро. Агар камари Точикистон бишканад дигар ки ба холи мо дили месузонад? Харчанд ин дилсузихои Точикистон низ муйе хам аз гаму дурии мо точикони бурунмарзи кам накарда.
Хамин ки бародраи камбагали дилсузу вафодоре дорем диламон шод аст. Худо сару икболашро баланд кунад.
Дар замин бора; Бухрони об дар Точикистон ва накши Афгонистон
Independent: A Dirty Deal http://www.independent.co.uk/news/world/politics/a-dirty-deal-uzbek-dictator-has-uk-over-a-barrel-7626972.html