Search
Close this search box.

ریگستان

نوشته‌های شهزاده سمرقندی

Бо Flickr ошно хастед?

Намедонам ки Фликр то чи хад дар байни точикони корбарони интернети ошно бошад. Аммо мехохам аз шеваи истифодаи худам аз ин имкони маччони бигуям ба умеди ин ки шояд дустони дигар хам ин торнаморо чолиб ва муфид пайдо кунанд.

Фликр як фазои барои умум боз ва маччоние аст ки бештар барои бойгони кардани аксхои шахси ва пайдо кардани робитаи хунари бо аккосони дигар дар саросари чахон таррохи шудааст. Фликрро махали хубе барои нигахдори ва дар дастрас гузоштани аксхои хунари ва хусусии худ медонам. Хадаф аз муъарифии ин шабака низ ин аст ки мо рузона аксхои фаровоне аз худ ва мухити зиндагии худ ба ба навор бармедорем ва танхо руйи шабакахои махдуде онро мунташир мекунем ва ё руйи компутери худ "гурашон" мекунем. Дар холе ки метавонем аксхои худро бо саховати бештар дар ихтиёри дигарон бигзорем.

Фликр чойи хубе барои ин кор аст ки хатто барои шумо имкони фуруши аксро хам медихад! Харидорон метавонанд аз аксхои шумо дар сурати ниёз харидори кунанд.

Ман хам муддатест ки сафхаи худамро дар ин шабакаи ичтимоъи дорам. Одреси он ин аст: https://secure.flickr.com/photos/50966734@N03/

Аммо бисёре аз аккосони гайрихирфаи ва хам хирфайи аксхои худро тахти унвонхои мухталиф мунташир

мекунанд, яъне бо хакки интишори озод махдуд ва кобили фуруш ва …

Шевахои онро метавонед дар ин одрес бибинед ва ошно шавед: https://secure.flickr.com/creativecommons/

Аммо як навъи чадиди хаки корбарие хам муддатест дар байни хунамандони босаховат рохандози шудааст ки бо номи "криетив коммонс" ва ба англиси: Creative Commons license маъруф аст. Хар акс ва ё видеое ки ин навъи хакки интишорро дорост бо нишонаи дубор сс мунташир мешавад ва маънои он ори аз copy right – кори райт- аст. Копи райт бо нишони як бор С оварда мешавад ки барои хелехо ошно ва шинохта шудааст. Аммо нишони СС шояд на барои на хама равшан бошад.

Бояд таъкид кунам ки аз лихози рузноманигории онлайн ва интернети ниёз ба акс мисли оби хурдан аст ва инро хама медонем. Аммо чизе ки бисёре аз мо точикон намедонем ин аст ки аз Точикистон ва ё деху рустохои дурдасти кухистонии он акс дар дасти расонахо кам аст. Ва шумо бо як дурбини содда ва ё телефони дастии худ метавонед аксеро ба сабт бирасонед ки ниёзи расонахоеро метовонад бароварда кунад.

Точикистон ва хамин тавр Осиёи Миёна дар арсаи рузноманигории аккоси бисёр дасттанг ва заъиф аст ва ин бозор кории фаррох барои рузноманигорони байналмиллали эчод кардааст. Яъне онхо дар як сафари кутох акхое бармедоранд ки метавонанд муддатхо бо киммати хуб барои расонае бифрушанд. Коре ки точикони мо низ ба рохати метавонанд анчом диханд.

Холо агар шумо алока ба аккоси доред метавонед аз узв шудан дар Фликр шуруъ кунед ва аксхои хунари ва мустанади дигаронро тамошо кунед ва аксхои худро низ дар дастраси дигарон бигзоред. Ин барои шумо хам намунаи хуби кори ба унвони аккос мешавад ва хам ношинохтаву дур аз дасти дустонатон намемонед. 

Умедворам ки ин навишта рох ба як саргармии муфиде барои шумо ба вучуд орад. Он тавр ки имкон ва фазои чадидеро дар ихтиёри ман гузоштааст ва аз ин бобат хушхолам.

Метавонед аксе чанд аз ман дар ин шабака бибинед. Дар зимн имруз Рузи Малика дар Холланд буд ва ману Мехди рафта будем гардиш ва хам акс гирифтем. Метавонед аз ин аксхо дар Фликер тамошо кунед.
  —

зернавишт:
аксе ки хамрох бо ин матн мушташир шуда аз сафхаи Фликери банда аст ва аз рузи Маликаи Холланд.

2 پاسخ

  1. ما که نمی توانیم خط سیریلیک را بخوانیم
    ولی آرزوی روزی را داریم که ما و تاجیکان یک خط داشته باشیم، هر چه که می خواهد باشد، لاتین، سیریلیک، .. هرچه! فقط ما را به هم بازبپیوندد، دیگر نمی توانیم این گسستگی و جدایی را برتابیم.
    تاجیکستان چشم ایران است، تاریخ ایران است، دل تپنده ی ایران است.
    از هر چه که ما را از هم دور و جدا نگه داشته بیزارم
    این پیام من رو به همه ی تاجیکان از سمرقند و بخارا تا خجند و دوشنبه برسانید.
    سپاس

دیدگاهتان را بنویسید

نشانی ایمیل شما منتشر نخواهد شد. بخش‌های موردنیاز علامت‌گذاری شده‌اند *