Ин рузхо ба бахши точикии родиои Урупои Озод таваччух зиёд аст. Хамлахо ва интизорхо хам зиёд аст. Аммо чаро холо даст ба навиштан кардам далели дигаре дорад.
Вакте мухотаб ба расонае чунин хассос мешавад ин ба маънои он аст ки тасвири худро дар он намебинад ва ё гами худро дар он намешиносад.
Родиои Замона намунаи хубе дар ин мавзуъст ки ман худ аз наздик бо пусту устухон тачруба кардам. Шукуфойи ва коматхамии онро бо дард мушохида кардам ва холо ки даврони оромишеро ба сар мебарад дигар чушу хуруши каблии худро аз даст додааст. Чаро? Чун расона махсули кори як нафар нест. Расонае сарбаланд ва муваффак боки мемонад ки дар канори мудирияти дакику равшан кормандони кордону алокаманд хам чазби он шуда бошанд.
Вале расона хамин чанд матлабе нест ки мо дар торнамои он мебинем ва бо бехавсалаги мехонем ва ё бо иштиёк мавзуъи мавриди писанди худро аз тарики он дунбол мекунем. на расона махдудиятхое дорад мисли неруйи кор ва буджаи солона ва чи басо мохона. Чизе ки ба чашми хонанда аслану абадан дида намешавад ва шинохта нест.
Аммо оё хамаи иродхоеро ки дар як расона мебинем мешавад бар камбуди буджа пайваст? Ба назарам на. Ба назарам як веблог хам агар нависандаи хубе дошта бошам метавонад як расонаи муассир бошад.
Вале гузашта аз имконхои моли як чизи дигар хам хаст ки хун дар раги расона медамад ва он хам неруи мусбат аст. Вакте расонае мураттаб дар холи гирифтани паёми манфист чи гуна дил аз кудурат соф кунад ва даст ба калам шавад ва хатто бо мухотаби худ табодули дидаву шунида ва назару интикод кунад? Аммо расонаи ранчидаро то хол кас надида. Он чи мо дидаем ва тачрубу кардаем хабарнигорони асабони ва озордида хастанд ки хох нохох намояндаи расонае хастанд ки дар он кор мекунанд.
Ин рохе ки мо меравем ба чое намерасад. Мо ба унвони хонанда бояд он кадар бо расонаи хамзабони худ руйрост бошем ки бо у дарди дили худро дар миён бигзорем ва дар хар матлаби интишор шуда худро дахил кунем ва расона хам дар навбати худ мойи мухотабро чидди бигирад, то дар ба дар ба дунболи дарди дил шунав нагардем. Агар расонаи мардуми точик дарди дили точикро нашнавад ва мардуми точик расонаи худро натавонад ба унвони ойинаи худ бибинад ва бишносад пас мо дар чо пой мезанем ва ба чойе намерасем.
Ман гоху гудор худам низ аз иборахое ки родиои Озоди дар гузоришхояш ба кор мебарад хурда мегирам ва мутаассиф мешавам, вале медонам ки ин гузориш калами кист ва на хама дар ин расона чунин богалат менависанд ва Озоди махсули калами як ё ду хабарнигор нест.
Инхоро менависам бидуни инки интикодхои воридшуда ба родиои Озодиро нодида ва ё ночидди гирифта бошам, балки ба хамкасбони худ ки медонам дар хамин лахза хам шояд бо дили пурхун калам ба даст доранду барои мардуми худ беминнат ва беинтизор кор мекунанд. Менависам то ба онхо бигуям ки интикодхо хамеша хастанд, кор бояд мисли хамеша бо ишку алока анчом шавад.
Байни ин хама сиёсатхои ботаваккуйи сармоягузорон ва пуштибонони моли бояд битавонем дили ду ё се калам ба дастонро гарм нигах дорем то расонае аз дасти мо наравад. Мо бояд аз хамин рез-резхои кучаке ки дар даст дорем истифодаи муфид кунем ва бо фикри ки "аз мо нест пас сар ба танаш набошад!" амал накунем.
Дунё на хамеша ба коми мост вале барои инки дунё аз они худ кунем набояд косаву кузаи дигаронро бишканем ва номи онро озодии баён ё амал бигзорем. Агар ба унвони як миллат фикр кунем мо бояд гом ба гом хар расонаеро ки дар чоддаи пешрафти кишвари точикон фаъол аст ба суйи матлуб бибарем. Ва агар хам нашуд. дар пайи расонаи худ бошем. Ин гуна расонахо ба мухотабони худ эхтиром мегузорад ва пой ба пойи он меояд.
Аммо дарк мекунам ки нодида гирифта шудан ва ё бедалел кор худро аз даст додан чи дарде дорад. Эхсоси хиёнате ки инсон аз даргохи мудофеъ озодии баён ба даст меорад бедаво ва тахрибкунанда аст!
Яке аз интикодхои аслие худи ман аз родиои Озоди дорам ин нест ки мудири он кист ва ё сиёсати он чист, балки беш аз хама забони он аст. Забони родиои Озоди забони бисёр нополида ва омиёнаи ба навъе содда шуда аст ки одам ба ёди даврони шурави меафтад ва бо ин кор гурухи мухимми рафшанфикрони точикро аз худ рам додааст.
Рохи рушди табиъи миллат аз тарик ва хам бо кумаки равшанфикронаш бояд бошад вакте забону зовияи расона бо равшанфикрони чомеъа хамхон ва хамгом нест вакту замонхои зиёд бехуда талаф хоханд шуд то мардумро бо сиёсат ошно кард ва ё матлаберо расонд. Мардуми одди агар мухотаби расона аст пас бояд равшанфикрон ва ё афроди муассири чомеъаро ба худ чалб кунад, чун бо таъйид ё адами таъйиди ин расона аз чониби ингуна афрод эътибори хар расона метавонад ба соддаги зери суол равад.
Аммо радиои Озоди бо ин хама интикодхои воридшуда худ як намунаи хуб аз он аст ки ойинаи чомеъаи точик дар кулл аст. Родиои Озоди хамон иштибоххои забони мардуми худро дорад ва ба хамон бахш аз чомеъа таваччух дорад ки худи мардум доранд ва ба маънои томи миллат ва ягонаги намеандешад, чун чомеъа низ гуна афкор дигар мавриди ниёзаш нест. Он руйдоде ки хабарсоз аст инъикос пайдо мекунад ва он касе ки дар кудрат аст зери нури таваччух аст ва оне ки садояш дар дурдастхо гум аст дар расонахо хам на дида мешавад ва на шунида. Родиои Озоди ба гайр аз чанд гузориши пароканда аз гушаву канори Точикистон дигар тавре бархурд мекунад ки Точикистон хамин Душанбе асту бас. Аз Самарканду Бухорои ятим бигзарем, аз Фаргонаву Тошканду Сурхондарёву Кашкадарё аслан чизе нагуем, вакте Хучанду Панчакант фаромушанд.
Бо ин навиштахо талошам бар ин аст ки бигуям тамоми гузоришхои родиои Озодиро мехонам ва хонандаи харрузаи онам, хамаруза аз иштибоххо ва аз гузоришхои нисфа нима ва гохе бесару тахи шояд гузоришгаре махалли дилгир мешавам, вале то кучо хам меравам, дигар чи расонае дорем ки дасташ мисли родиои Озоди боз бошад? Дигар расонахо хам ба тарзи вахшатнок махалли ва бо диди баста гузориш менависанд бидуни сиёсати равшан, бидуни диди равшан аз ояндаи кишвар ва ё хатто аз кишвари мавриди писанди худ. Мо хаминем ва расонаамон хам хаминхост.
Бояд худро дар расонаамон бишносем ва расонаамонро ба суйи худ даъват кунем ва хамзамон бо такдир аз кори сахту душвори он онро рахнамойи кунем, расонаи худро бо зехнияти махдуди худ дар чахордевор зиндон накунем. Ичоза дихем расонаамон озод бошад он тавр ки карор буда, он тавр ки кавл дода. Ичоза дихем ва кумак кунем ки ба мо гузоришхои хирфаи ва хамачониба ва пухта бидихад ва аз хубро тахсин кунем ва бадро интикоди созанда на сузанда!
Мо точикон дар ин даврони пурмочаро ва хушунатбор танхо ва дур аз таваччухем ва дарду мушкилоти мо ба чашми чахониён бисёр кучак аст ва бештари авкот хам ба ин хулоса мешавад ки "мардум чи гуна, давлаташ намуна" ва ин то хадде дуруст аст.
Ва мо ба унвони як точики мусбатбин ва иртикоталаб наметавонем хамзамон хам давлат бичангем, хам бо расона бичангем ва хам бо фархангистон. Дар чоеи бояд бипазирем ки мо бояд ин хама гомхоро бо хам бигзорем бо созишмандие ки ба мо точикон нисбат медиханд. Точикистон хеч гох гул-гул шукуфо намешавад агар мо хунари созишманди ва хамзистии ирсии худро бо хамзабону хамдили хамдигар тачруба кунем. Хамакида будан хам дар ин миён шакл хохад гирифт. Магар хамаи орзуманди Точикистон нестем? Хастем! Вале ба хамсухбати нарасидаем то инро аз забони хамдигар бишнавем.
Рушди бархехо саритар аст бале, медонам. Мебинам ки муковимати бисёре дар баробари омухтан ва тарчех додан дар махдудиятхои худ сабки зиндагии миллионхо точик аст, аммо агар зиёд на сад нухба ва равзамири точик битавонанд ба хамдили бирасанд, на танхо як ё ду миллион балки шояд кулли миллат пайрави онхо шуд. Аммо дар замони кунуни ки кудратхои бо диду шинохти бо тафовути аз замин то осмон зери замини чанги идиогожии худро идома медиханд, расонахои точики бояд кави, сабур, бомаром, содик, равшан чун ойина ва моли мардум боки бимонанд. Мардум на ба маънои шуравии он ки танхо бахши коргар буд, балки мардуме ки омехтаи равшанфикр ва хам рухони ва хам хунарманд ва хам ояндагаро ва хам мухофизакор ва хам ислохталабу феминисту хатто хамчинсгаро аст. Иншонависи ва панду насихат кори расонаи имруз нест ва дастикам гирифтани мухотаб камари хар расонаеро хохад шикаст, хатто агар буджаи чандмиллиони дошта бошад.
Ба умеди рушд ва иртикои мухтавойи ва хам сабки нигориш ва тахлили амик дар мардум ва расонахои точик, рузи чахонии коргарро табрик мегуям. Харчанд интизор ин буд ки имсол коргарони точик хам даст ба эътисоб ва ё эътироз бизананд ки хайхот хануз ангор огах нестанд ки хаку хукуке доранд ва он солхост поймол аст. Ва хамин хам худ як нишон аст номуваффак будани расонахои точикист ва аз ин маврид зиёд асту кадом якеро дар як навиштаи веблоги чой мешавад дод?
Мо дар ин бо ин хама интизорхои беандоза дар ин чараёни рушд бо хам хастем хеч расонае ба танхойи набояд ин борро бикашад ва хеч гурухе аз мардум набояд дурафтода бимонад. Дар ин дег бояд бо хам бичушем то бо хам бипазем.
Ба гурухи кормандони Родио Озоди дар ин даврони сахти тагйирхо сабру иртикоталаби ва хамдилии бисёруро орзу дорам. Ба умеди поёни бомуваффакияти ин дахаи созанда барои Точикистон ва точикон хастам ва медонам ки бе хамрохи ва хамкории самимонаи радиои Озоди ин муяссар нахохад шуд.