Родио Замона 4 угуст панчсола мешавад. Родиое ки ман аз тамоми дигар родиохо бештар дусташ медорам ва бештар аз хар родиои дигаре бо зиндагии харрузаи ман омехта аст. Зиндагии мани точик ки яке аз даххо хазор точики дигаре хастам ифтихор мекунам ки дигар деворхои оханин шикастааст ва холо родиои байналмиллалие мисли Замона аз дарду гаму гирифторихои мардуми ман менависад ва бо мухотабони хамдил ва хамзабони худ моро васл мекунад.
Родио Замона аз аввалин расонахоест ки хамзабонони дигари худро ки дар кишвархои Афгонистон, Точикистон, Узбакистон ва дигар кишвархои Осиёи Миёна парешонанд аз баданаи аслии худ чудо накардааст ва барои онхо кафасаи чудо ва ё марзе нагузоштааст. Мухимтарин масоили Эрон, Афгонистон ва Точикистонро бо хам пушиш додааст ва ин хусни Замона аст ки аз дигар расонахои форсизабон як гом чилутар аст.
درآزادنویس می توانید همین متن را با خط فارسی بخوانید
Замона форсизабононро ва ё мухотабони худро табакабанди намекунад ва хамаи онхоеро ки форси мехонанд ва форси мегуянд сари як суфра менишонад. Ва ин аст риъояти хукуки башар! Ва ин аст таксим накардани мардуми порсигуй ба форсизабонони дарачаи аввал, дувум ва ё саввум.
Родио Замона инсондусттарин родиое буда ки то ба хол мешиносам. Аввалин родиое буда ки ба мани точик нагуфта ин чумла ва ё калимаеро тавре бихонам ки лахчаи точикиам пайдо набошад. Хеч гох!
Аммо дар тули ин панч соли хамкори бо Замона омухтам ки мо форсизабонон ба хусус касоне ки бо расонахои пахноваре сару кор доранд, бояд бо забон ва лахне сухан гуянд ки худро ба мантакае ва ё мардуме махдуд накунанд. Мо бояд бо забони фарогире гуфтугу бикунем ки бештарин афрод хатто аз дурдасттарин рустое битавонанд моро бифахманд.
Рохе ки родио Замоне меравад рохи ояндаи тамоми расонахои форсизабон аст. Ин рохест ки фаъолони хукуки башар пеш аз хабарнигорон шуруъ кардаанд ва канда-канда дар гушаву канорхои манотики мухталифи дунё дар холи муъарифии баробарии инсонхоянд. Дар талошанд ки бифахмонанд инсонхо хама бо хам баробаранд ва набоянд аз хеч чихот, чи аз лихози забони ва чи аз лихози табакоти таксим шаванд.
Ин родиои панчсола шояд дар канори родио ва расонахои дигари форсизабон ки дигар муйсафед ва пир шудаанд барои форсизабонон таваччухи бештаре дошта бошад. Таваччухи бештаре ба кучактарин гамхои гумномтарин точике, афгоне, хазорае, узбаке, казоку киргизе ки дар хамсоягии Эрон гамхои муштарак доранд ва гул аз гулашон мешукуфад вакте родиои байналмиллалие аз кишвари кучаке ки шояд хатто номашро ду се бор бештар нашнида бошанд бо онхо тамос бигирад ва аз холу гамхои онхо чуё шавад.
Замона мураттаб аз форси забонони дигар мегуяд ва пуле мешавад байни ин мардуми пароканда. Шояд коре барои рафъи мушкилоташон накунад аммо матрах кардани мушкилот худ рохе эчод мекунад барои эхтимоли расидани дасти ёри аз мухотабе ки дар гушаи амне аз чахон нишастааст.
Ин гуна хам буда. Родио Замона боис шуда ки шоъири танхо ва хоназиндон дар Самарканд сохиби компутер шавад, чавонон ва донишчуёни муштоки Самарканду Бухоро ва Тошканд китобхои дасти дуввуми адаби дарёфт букунанд. Навкаламтарин шоъир ва нависандахои точик ва афгон барои ин родио аввалин корхои худро хондаанд ва бори аввал садои худро аз ин родиои худмони ва мардуми шунидаанд. Коре ки родиохои бузург ва кадимии форсизабон барои анчоми он ё вакт нагзоштаанд ва ё дастраси ба ин мардуми дурафтода надоштаанд.
Бо ин хама борхо ва борхо аз дустони точик мешунавам ки чаро Замона ба хати сириллик хам мунташир намешавад? Замонаи панчсола барномахои зиёде дорад ба хусус барои густардани замон ва изофа кардани сафахоти тоза руйи торномаи худ, аммо мушкилоти моли ин барномахоро акаб андохта вале аз дил ва листи корхое ки бояд анчом шавад дур накардааст.
Аммо ин хама корхое ки то ба хол анчом шуда бо кумак ва ёрии дустоне буда ки моро аз рохи дур ёри кардаанд ва моро дар чараёни хабархо ва мушкилоти худ ва наздикони худ гузоштаанд. Аксхои худ ва корхои хунарии худро барои мо фиристодаанд ва иттилоъоти дасти аввал ба мо додаанд то бо дигар форсизабонон дар миён бигузорем. Аз ин афрод ва дустони Замона мисли хамеша мамнунам.
Вале гоху аз садо ва ё навиштахои дустонии форсизабони дигаре мисли точику афгони худ мефахмам ки ангор боварашон намешавад ки ин родио вокеъан родиои форсизабонхост.
Дилам мехохад ба ин дустон ва дустони дигар бигуям ки онхо низ бо мо хамкори бикунанд бо ин расонае ки хамеша пуштибон ва минбаре барои форсизабонони дунё буда хамкори бикунанд, садои худро ба дигар форсизабонон бирасонанд. Иштироки хамаи шумо дустони форсигуй тавонойи Замонаи панчсоларо бештар мекунад.
3 پاسخ
Zamonaro mekhonam, radio khube hast. Sadsola shavad vale pir nashavad!
سلام خانم سمرقندی
برنامه های شمارا از زمانه می شنوم و دوست دارم. صدای شیرینی دارید. امیدوارم که پاینده و موفق تر از همیشه باشید
سهراب
سلام حضور برادرم : بعداز سلام خدا کند شما دارای صحت کامل بوده باشید ، بلاک بسیار خوب است و در اخیر ادرس سایت هاو بلاک ها تاجکی برایم ارسال نمائید تشکر زیاد ………..