Search
Close this search box.

ریگستان

نوشته‌های شهزاده سمرقندی

Эъломия: Биёед як руз аз зиндагии худро сабт кунем!

Имсол бист сол аст ки мо точикон истиклолияти худро пайдо кардем. Дар ин бист сол хатман насле ба бор омадааст ки тачрубахои насли дигарро ба чолиш кашидаанд. Инро дар фейсбук хама руза мебинем. Аммо талош барои бехбуд ёфтан ва иттиходи милли дар хамаи ин наслхо як даст аст. 
Шояд холо вакти он аст ки ин точиконагии худро хар чо ки хастем, чи дар ватан ва чи дар мухочират ба тасвир кашем. 

Дустоне ки дар Фейсбук фаъол хастанд медонанд ки ба тозаги торномаи Эрон Нидо филми мустанадеро мунташир кард ки дар он зиндагии беш аз чихил эрони дар саросари чахон ба навор бардошта шудааст.
Чолибии ин мустанад дар он аст ки ин афрод худ аз зиндагии худ филм бардоштаанд. Мачмуъи ин филмхои кутох аз рузгори эрониён дар саросари чахон дар филми мустанади "Чил тика зиндагии Эрони" гирдовари шуд. Нусхаи интернетии ин филмро метавонед дар ин пайванд дарёфт бикунед
Ин тарх пас аз он матрах шуд ки Редли Скот, коргардони номии Холивуд барои сохтани охирин филми худ аз мардуми чахон хоста буд ки як руз аз зиндагии худро филм бигиранд ва барои у бифристанд. Аммо шуморе аз мардуми чахон аз чумла эрониён ичоза надоштанд дар ин филм ширкат кунанд. 
Эрониён бо кумаки торномаи Эрон Нидо даст ба кор шуданд ва худ филме аз зиндагии эрониёнро сохтанд. Аммо хамчунон чойии чунин як мустанаде аз зиндагии дигар форсизабонон холист. 
 
Эрониёне ки дар Эрон Нидо фаъоланд аз ман ки дар тадвини филми "40 тикаи зиндагии Эрони" кумак кардам пурсиданд ки чаро точикон ки зиндагии пуррангу боре доранд чунин як мустанаде омода намекунанд.
 
Ин фикрро писандидам ва аввал дар Фейсбук байни дустони худ матрах кардам. Худоро шукр хамон тавр ки умед доштам хуб истикбол шуд. 
Дустоне чанд барои омода кардани ин мустанад аз рузгори точикон дар саросари чахон изхори омодаги карданд. 
Торномаи Эрон Нидо, Радиои Озоди ва Озодагон барои нашри пешопеши ин филмхо изхори алокаманди кардаанд ва агар торномахои дигаре хам хастанд ки мехоханд аз ин тарх пуштбони кунанд метавонанд бо имайли ин пружа тамос бигиранд ки даро пойи ин матн оварда шудааст.

Интихоби бехтарин филмхоро Барзу Абдуразоков, коргардони номи точик ва тадвини филми нихойиро Мехди Чоми, филмсоз ва рузноманигор ва Шахзода Назарзода бар ухда хоханд дошт.

Холо замина омода аст, аммо хамчунон вобаста ба мизони ширкат ва алокамандии шумо дустони точик дорад.

Барои ширкат дар ин тарх бояд як дурбини содда дошта бошед. Ин дурбин метавонад дурбини телефони дастии шумо бошад ё дурбини аккосие ки филм хам мегирад ва агар дастгохи хирфаитаре доред чи бехтар. 
Пас агар дуст доред дар ин тарх ширкат бикунед, лутфан бо ин мушаххасот филмхои худро барои мо бифристед:
1. Филмхо бояд дар хафтаи аввали себтомбр гирифта шаванд. Махали филмбардори махдудият надорад. Хар чойи дунё ва бо хар коре ки машгул хастед метавонед ба навор бигиред.
2. Филмхо бехтар аст бо формати MP4 ва аз 9 то 20 дакика бошанд. 
3. Филм бояд аз рузгори як рузаи як фарди точик бошад ва метавонад бо сабкхои достони, ривояти ва мустанад филм бардори шавад. Аммо бехтар аст аз харф задани ру ба дурбин ба шакли монотон ва ё монолог худдори бикунед. 
4. Кушиш кунед тасвир такони зиёде надошта бошад. Хар чо метавонед аз сепоя истифода кунед ва агар барои дурбини худ сепоя надоред метавонед аз роххои гузоштани китоб зери дурбин ва ё такя додани дастони худ ба миз ларзишхои дурбинро кохиш дихед. 
5. Агар барои тадвини филм вакт ва ё имкон надоред, лутфан филмхои хоми худро бифристед. Филмхо  набояд дар мачмуъ беш аз 20 дакика бошанд. Кушиш кунед сахнахоро кутохтар аз дах сония набуред. 
6. Дар тадвини филм аз зернавис ва эффектхои бурриши истифода накунед. 
7. Шумо метавонед аз зиндагии худатон филм бигиред ё аз зиндагии дусти худ, модари худ ва ё наздикони худ филм бигиред.
8. Филмхо набояд ба сабки гузориши бошанд, аммо агар аз маросимхои умуми, мисли чашни истиклол  ва ё аруси филм мегиред, бояд кахрамони филм улавият дошта бошад ва бахше аз зиндагии у бошад. 
9. Садои мухитро хифз кунед агар мусики дар мухит навохта мешавад метавонед забт кунед аммо дар тадвин аз истифодаи хар гуна мусики худдори кунед. 
10. Клипхое ки барои таронае сохта шуда бошанд пазуруфта намешаванд. Ва филмхо бояд достоне аз зиндагии точикеро дар худ дошта бошад. 
11. Филмхо хатман бояд орижинол ва махсули кори шумо бошад.  
12. Барои ирсоли филмхо то 15 себтомбр фурсат доред. Вакте филми худро руйи  ютюб гузоштед линки онро ба ин одрес имайл  кунед:
tajik.life.2011@gmail.com 
Аз хамаи дустоне ки ин навиштаро мехонанд хохиш мекунем ки дустони точики худро аз ин тарх бо хабар кунанд ва агар хам суоле доранд лутфан ба хамон имайл ва ё пойи хамин матн бинависанд. 

یک پاسخ

  1. از مدتها قبل همیشه نوشته هاتون رو می خوندم حیف که خیلی هاش به سریلیکه از اتحاد حرف زدید چطور اتحادی بین کسانی که از یک الفبا استفاده نمیکنن یک زبان را به سه نام می خوانند در ضمن برخی میګویند تاجیک نوعی ناسزا است که ترک ها به ایرانی ها می ګفتند هر چندرحیم مسلانیان قبادیانی استاد دانشګاه دولتی تاجیکستان در کتاب تاجیکان در تاریخ مخالف است بګذریم شما نمیتوانید دستکم به الفبای لاتین بنویسید؟

    علی جان من زمانی از خط سیریلیک استفاده می کنم که نوشته ام به تاجیکان مربوط باشد و یعنی یک چیز سخن خانوادگی باشد.
    هر موضوع که به پارس ی زبانان مربوط است حتما از خط عربی استفاده می کنم.
    همین خط سیریلیک خودش کلی گرفتاری ها ایجاد کرده حالا جرا باید با پنگلیش وبلاگ نوشت.
    نیازی به این کار نیم بینم.
    در نوشته ای قبلی برنامه برگردان خط سیریلیک به فارسی را معریفی کرده بودم. می توانید از آن استفاده بکنید.
    با سپاس
    شهزاده

دیدگاهتان را بنویسید

نشانی ایمیل شما منتشر نخواهد شد. بخش‌های موردنیاز علامت‌گذاری شده‌اند *