Сарзамини дигар

Хамаи торнамохоро гаштиву хамаи веблогхои дуст доштаатро хонди, хамаи дустони худро дар Фейсбук дидиву аз навиштахояшон лаззат бурдиву норохат шудиву асабони шудиву дар бахсхо назар навиштиву куллигуйи карди, аксхои ошнову ноошнохоеро дидиву шод шудиву андухгин, филмхои кутохе дидиву таронахои шоду ношод гуш доди ва шаб тамом шудаасту хоб нест.

Хоб вакте дуртар аз хоки сарзамини орзухоят хасти камтар аст аслан чояшро ба андешахои беохир додааст.

Хобат намебарад ва ё ба хоб намерави фарке надорад, бедори хама чоро пур мекунад. Аз вокеият вахшат мекуни ки агар вокеан хоб наомад бояд чи кор кард?

Сигоре равшан кард? Филми тулонитаре дид? Аз ютюб листи яксоатаи таронахои хобовар пайдо карду гуш дод? Кадам зад? Шаробе боз карду хурд?

Вале боз хам вакте баъд аз ин хама хоб наояд чи мешавад кард?

Хар бор ки ба Самарканд занд мезанам ва дустеро пайдо мекунам ва дакикахо хохиш мекунам ки бигу вазъият ба кучо расида ва танхо ох мешунави ва сукут ин гуна шабхоро бояд пушти сар кунам.

Шабхое ки ба андозаи торихи сад солаи охир тул мекашад ва субх намешавад. Субх деррас мешавад.

Ва боз хам бедору бефойида интизор мемонам. Интизори чизе ки хануз намедонам номи он чист.

Вале медонам ки вактхое хадар мераванд ки баргашт нопазиранд.

Ва ман офтоби Самаркандро дар осмони Амстердам хеч вакт нахохад дид ва борони ин шахрро ба хоки сарзамини худ наметавонам бурд.

Пас шабхои ман бепоён ва рузхои ман хоболуда хоханд буд то барои худ сарзамини дигаре бисозам.

دیدگاهتان را بنویسید

نشانی ایمیل شما منتشر نخواهد شد. بخش‌های موردنیاز علامت‌گذاری شده‌اند *